Ҳалокати момову набера дар рӯди Вахш. Марги духтари 15-сола дар заҳбури Оби сиёҳ

Тибқи маълумоти Раёсати  Кумита дар вилояти Хатлон  рӯзи 29-уми июни соли равон як сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ  бо набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.

Ҳодиса замоне рух дод, ки онҳо баъди ғунучини ҳезум аз соҳили дарё ба хона бармегаштанд. Дар хабар гуфта шудааст, ки ин ҳамроҳ бо се наберааш, ки 9, 12 ва 11 сол доштанд, тибқи одати маъмул дар соҳилҳои Вахш ҳезум ҷамъоварӣ мекарданд. Онҳо ҳамеша бо аробае, ки ба як хар баста шуда буд, маҳсули заҳматҳои рӯзонаашонро бор карда, ба хона бармегаштанд.

Аммо ин бор баногаҳ ароба чаппа шуд ва ба дарё сарозер рафт. Ду набераи пирзан бо азобеву талошҳо худро аз об берун мекашанд ва солим ба соҳил мебароянд. Аммо зан бо як набераи 11-солааш ба ҳалокат мерасанд.  

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дирӯз то бегоҳ дар ҷойи ҳодиса ва қад-қади дарё ғарқшудагонро ҷустанд, вале бенатиҷа буд. 

Субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯ дубора аз сар гирифта шуданд.

*****    *****    ****

Бино ба хабари дигар як духтарин 15-сола, сокини деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ бегоҳии рӯзи 29-уми июни соли 2022 дар заҳбури Оби сиёҳи деҳа ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Субҳи рӯзи гузашта, 30-уми июн ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади марҳумро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

барчасп: