Ваҳдат аз дидгоҳи Пешвои миллат

Гулчин аз суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ

Сулҳу ваҳдат бароямон дастовардҳои бузургтарин буда, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани ин арзишҳои муҳим минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъматҳои бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

***

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошад.

***

Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум боло меравад.

***

Масъалаҳои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад.

***

Мо, наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем.

***

Вақте, ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин роҳҳои устувор сохтани давлатдории миллӣ сухан мегӯем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва амнияти ҳифзу таҳкими онро низ аз мадди назар дур насозем.

***

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

***

Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.

***

Мо бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъмати ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем.

***

Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошад.

***

Мо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоишта дастовард ва неъмати беназири мо мебошанд.

***

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳангии миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимоя онҳо ҳамеша омода ва зушёру зирак бошанд.

***

Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ ин худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи татбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст.

***

Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем ва бо кумаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем.

***

Маҳз дар партави ваҳдати шикастнопазир халқи мо метавонад ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастёб гашта, дар пешрафти фарҳанги умумибашарӣ саҳмгузор бошад.

***

Имрӯз замоне расидааст, ки моҳият мақоми андешаи миллии тоҷиконро мо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳем. Андешаи миллиро мо бояд ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсури ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.

***

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовардҳои мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи онон вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

***

Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намудааст, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

***

Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ мардуми моро ба соҳили мурод мерасонанд.

***

Ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар як марҳалаи муҳиму тақдирсози таърихи кишварамон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассиру арзандаи худро ба анҷом расонид. Ва акнун замони он фаро расидааст, ки ин падидаи муттаҳидсози миллат дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ба сифати воситаи муҳими таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ карда шавад.

***

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.

***

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

***

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯйи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфта ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳотто ба имрӯз бо камоли ғайрати матонат азму талош карда истодааст.

***

Миллати хирадманду солори мо бар аҳримани ҷангу куштор бо ақлу заковати худ пирӯз шуд ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузошт.

 

Гирдоваранда: Мавзуна Салимова.

барчасп: