Бозиҳои варзишӣ ва дидору суҳбатҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бохтар

Рӯзи 23 июни соли 2022 мусобиқаҳои варзишии  футбол, шашкаву шатранҷ миёни дастаҳои қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон баргузор шуд. Ин бозиҳо ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ шуданд.

Ҳамзамон 24 июни соли соли ҷори ҳайати шахсӣ ва кормандон  дар толори Раёсат бо Сайдзода Раҳмон муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва Қосимзода Солеҳа собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар мулоқот карданд. Дар ин вохӯрӣ аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими суботу амният дар кишвар сухан рафт.

Ширкаткунандагон аз таърихи 25 соли пеш ёдовар шуданд ва ба нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳи фарогир ва суботи ҳамешагӣ таъкид карданд. 

Миёни иштирокдорон ва меҳмонон дар доираи мавриди суҳбат суолу ҷавоб сурат гирифт.