Ду ғарқшудаи рӯзҳои гузашта: Яке 18-сола дар Вахш, дуюмӣ 16-сола дар Зарафшон

 Вахш

Як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара,  ки ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта будааст, ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш  аз беэҳтиётӣ ғарқ мешавад.

Баъди дарёфти хабар, ба ҷои ҳодиса Дастаи махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон сафарбар гардид.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Як навраси 16-сола ҳам рӯзи 21-уми июни соли равон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. Ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.

Рӯзи 23-уми июни соли 2022 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

барчасп: