Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе. Санҷиши манотиқи осебпазир дар остонаи баҳор

Ҳамасола пеш аз мавсими бориши боронҳои шадиди баҳорӣ минтақаҳои осебпазир дар қаламрави ноҳияҳои шаҳри Душанбе санҷида мешаванд ва барои рафъи камбудиҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар моҳи январи солӣ ҷори якҷо бо намояндагони шуъба ва бахшҳои ноҳиявӣ ва Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, (тибки баҳои визуалӣ) минтақаҳои зерин тафтиш шудаву ҳолаташон санҷида шуд:

Заминларза дар кишвар. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷумҳурӣ имрӯз, 27 январи соли 2022 тахминан соати 16:22 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази зилзила 30 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе буд.

Дарсҳо барои мураббиён аз ҳисоби кормандони КҲФ

Аз 26 то 28 январи соли 2022 дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ, инчунин бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандони КҲФ курси серӯзаи минтақавии омӯзишии омӯзгорон (тренерҳо) оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид, ки дар он 13 нафар аз воҳидҳои гуногуни КҲФ ширкат намуданд.

Ҳалокати як ва захмӣ шудани чор нафар дар як садама дар роҳи Душанбе Варзоб

Дар як садамаи мошин дар роҳи Душанбе – Варзоб як нафар ҳалок шуд ва чор тани дигар бо ҷароҳатҳо бистарӣ шуданд. Ронандагон ҳамоно қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд ва сабабгори садамаҳои марговар мешаванд.

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони КҲФ паёмадҳои ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе – Варзобро бартараф намуданд.

Омӯзиши мудофиаи гражданӣ дар Раёсати Суғд

Рӯзҳои 25-26 январи соли 2022 бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Нақшаи Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 давраи омӯзишии дурӯза баргузор шуд.

Дар ин давраи омӯзишӣ 20 нафар муовинони...

Страницы