Дар як садамаи мошин дар роҳи Душанбе – Варзоб як нафар ҳалок шуд ва чор тани дигар бо ҷароҳатҳо бистарӣ шуданд. Ронандагон ҳамоно қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд ва сабабгори садамаҳои марговар мешаванд.
Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони КҲФ паёмадҳои ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе – Варзобро бартараф намуданд. Чунончӣ, 26-уми январи соли 2022, соати 15:50 дақиқа дар роҳи Душанбе-Варзоб мошини боркаши «Mercedes Atego» ва мошини сабукрави тамғаи «Opel Zafira» бархурд.
Замони ҳодиса дар мошини «Opel Zafira» 5 нафар савор буданд ва аз Хуҷанд ба Душанбе меомаданд. Мошини боркаши «Mercedes Atego» аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷан равона буд.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар километри 72 ин роҳи мошингард навбатдорӣ мекунанд, фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Онҳо мусофиронро аз дохили мошини харобшудаи «Opel Zafira» берун оварданд.
Ронанда ва мософирон ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд ва имдодгарон ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд. Аммо як нафар аз мусофирон, ки дар паҳлуи ронанда менишаст, бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона аз олам гузашт.
Сабаби ин ҳодисаи нақлиётиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагонро хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷидан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Оҳиста мошин ронед, то сафаратон бехатар бошад!