Рӯзҳои 25-26 январи соли 2022 бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Нақшаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 давраи омӯзишии дурӯза баргузор шуд.
Дар ин давраи омӯзишӣ 20 нафар муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар курси такмили ихтисоси «Ҳайати роҳбаркунанда ва масъулони вазоратҳо, идораҳо, мактабҳои миёна ва олӣ дар мудофиаи гражданӣ” иштирок намуданд.
Дар рафти машғулият иштирокчиён бо санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли гузашта дар вилоят ба амал омадаанд, роҳҳо ва усулҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва баргузории “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” шинос карда шуданд.