Заминларза дар кишвар. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷумҳурӣ имрӯз, 27 январи соли 2022 тахминан соати 16:22 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази зилзила 30 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: