Лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб. КҲФ: Хатар ҳамоно боқист
Чоп шуд: 09/01/2023 | redaktor
9-уми январи соли равон, соати 00: 10 дарқиқа дар километри 67-уми дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб гардид. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Дар айни замон роҳ аз ғарами барф тоза карда шуд ва ба ҳаракати мошинҳо аз ду самт иҷозат шуд.