Дар робита ба ҳавои гарми рӯзҳои охир хатари ҳодисаҳо дар обҳои кишвар афзоиш меёбад. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувору фоҷеавӣ дар обҳои вилоят навбатдории ҳамешагӣ ташкил кардаанд.
Дар рафти рейдҳо наҷотдиҳанадагон ба истироҳаткунандагон дар соҳили обҳо қоидаҳои рафтори бехатар дар обҳоро фаҳмониданд. Дар чунин рӯзҳо таваҷҷуҳи имдодагрон бештар ба кӯдаконест, ки танҳо дар соҳили обҳо гаштугузор мекунанд. Зеро вақтҳои охир ҳодисаҳои дар обҳо бештар ғарқ шудани кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳудуди ин вилоят махзанҳои об басо зиёданд ва аксари онҳо тафреҳгоҳҳои хуб доранд, ки солҳои сол одамон дар фасли гарми тобистон истироҳат мекунанд. Ҷойҳое, ки таҷаммуъи мардум зиёд аст, маъмулан маконҳоест, ки барои оббозиву шиноварӣ омода шудаанд. Зери об аз ҳар гуна сангу рустаниҳо пок карда шудаанд ва барои шиноварон бехатар мебошанд.
Аммо дар баробари ин ҷойҳое низ ҳастанд, ки муносиб ба оббзиву шиноварӣ нестанд ва маъмулан дар ин гуна маконҳо дар тахтачӯбҳо сареҳан навишта шудааст, ки оббозӣ манъ аст. Ин ҷойҳо ҳамчунин аз нигоҳи беҳдоштӣ низ нуқс доранд ва набояд одамон дар ин маконҳо вориди об шаванд, чун хатарзо ва барои истироҳат номумкинанд.
Хатари дигари оббозӣ дар ин маконҳо он аст, ки аз ҷойҳои набатдории наҷотдиҳандагон дуранд ва агар нохӯшие рух диҳад, ҳатман ба фоҷеа меанҷомад.