Activities calendar

29 июни 2023

Ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Роштқалъа баргузор шуд

Роштқалъа

29 июни соли  2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии бартарафсозии паёмадҳои офати таиӣ дар ноҳияи Роштқалъа таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ва сарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба офати

КҲФ: Ҳавои олудаву пур аз чангу хок боз чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумони Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки аз 30-уми июн то 2-уми июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад кард. Рӯзҳои 3-4 июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди шадид

Заминларзаи субҳи имрӯз. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 29-уми июн соати 09:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 280 кило метр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр ғарбтари шаҳри Хоруғ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3

Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Рӯзи 27-уми июни соли 2023 дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.

Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо

Ҳалокати як ҷавони 18-сола дар рӯди “Душанбе”

Бегоҳии 27-уми июни соли 2023 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки сокинон дар рӯди “Душанбе” як ҷасади ҷавони ношиносро мушоҳида кардаанд.

Маълум гардид, ки ин ҷавон 18 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Вай ҳангоми убур аз соҳили чапи дарё ба