Бегоҳии 27-уми июни соли 2023 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки сокинон дар рӯди “Душанбе” як ҷасади ҷавони ношиносро мушоҳида кардаанд.
Маълум гардид, ки ин ҷавон 18 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Вай ҳангоми убур аз соҳили чапи дарё ба соҳили рости он аз тариқи қатори бетонҳо ба дарё сарнагун шудааст.
Бояд гуфт, ки гармои шадиди рӯзҳои охир сабаби об шудани барфу ях дар қуллаҳои кӯҳҳо шуд ва оби шорида боис гардид, ки сатҳи оби рӯдхонаҳо боло равад. Рӯди “Душанбе”, ки аз дарёи Варзоб сарчашма мегирад, истисно нест. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки сатҳ ва масрафи об дар рӯди “Душанбе” 100 м3/сонияро ташкил медишад.
Рӯзи 28-уми июн ҷасади ин ҷавон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар сокинонро огоҳ мекунад: оббозиву шиноварӣ танҳо дар ҷойҳое мумкин аст, ки иҷозат дода шудааст. Ҷойҳое, ки ғаввосон навбатдорӣ мекунанд.