Activities calendar

22 июни 2023

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳо бар асари об шудани пиряхҳо, гарду чанг, бодҳои пуршиддати рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истнодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 24 то 27-уми июни соли равон дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамоли пуршиддат дар назар дошта шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки бод дар ин минтақаҳои ёдшуда дар сония 15-20 метр хоҳад вазид.

Тамринҳои ғайри нақшавӣ дар ноҳияи Дарвоз

Тамринҳои ғайри нақшавӣ

Аз 20 то 22 июни соли 2023 Гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳодисаҳои фавқулодда, хадамоти мудофиаи гражданӣ ва зерсистемаи минтақавии Системаи ягона оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Дарвоз бо мақсади