Аз 20 то 22 июни соли 2023 Гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳодисаҳои фавқулодда, хадамоти мудофиаи гражданӣ ва зерсистемаи минтақавии Системаи ягона оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Дарвоз бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои КҲФ дар ҳудуди деҳаи Умарак омӯзиши ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ гузаронид.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар ҳудуди деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз омадани селу ярч зиёд ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа ба биноҳои истиқоматӣ, заминҳои корам, роҳу хатҳои барқ ва дигар иншооти иқтисодӣ зарари калон расид. Соли 2022 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Калъаихум аҳолии осебдида кӯчонида шуда, бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда шуданд.
Ин тамрин бо ҳадафи омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ баргузор шуда, дар он роҳҳои эвакуатсия фаҳмонда шуданд, ҳамчунин ба аҳолӣ дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодаи гуногун нақл карданд ва баъзе ёриҳои аввалиндараҷаро амалан нишон доданд.