Activities calendar

03 июни 2023

Оғози мавсими оббозӣ дар кишвар. Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар ВМКБ

Дар саросари кишвар аз 1-уми июн расман мавсими оббозӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат тибқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда кормандони Раёсату шуъбаҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили обҳо навбатдорӣ ташкил мекунанд ва ҳамзамон бо роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ ба сокинон ва истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарии будубош дар соҳили обҳоро меомӯзанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат болоравии дамои ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо бино ба гузориши манбаъ ҳаво то ба 40 дараҷа гарм мешавад.