Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармо ва хокбориши рӯзҳои оянда
Чоп шуд: 07/06/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба сабаби вуруди мавҷи ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ҷанубу шарқӣ болоравии дамои ҳаво интизор меравад.