Activities calendar

20 июни 2023

Роҳандозии корҳои таблиғотии таъмини амният дар обҳо дар соҳили дарёи Сир ва “Баҳри тоҷик”

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотии худ ҷиҳати пешгирӣ аз ходисаҳои нохуш идома медиҳанд. Ахиран ин гуна чорабиниҳо дар соҳилҳои “Баҳри тоҷик” ва дарёи Сир гузаронида шуданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар ҷараёни баргузории...

Ҳушдори навбатӣ аз тағйири обу ҳаво. Дар хокбориш чӣ бояд кард?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21 июни соли 2023 ба сабаби боло рафтани дамои ҳаво эҳтимоли баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои қисмати ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармиҳои чор рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агетии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 то 24-уми июни соли 2023 дар аксари ноҳияҳои мамлкат ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Дар водиҳои вилояти Хатлон дамои ҳаво то 42+47 дараҷа боло хоҳад рафт, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд 38+43 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ то ба 34+39 дараҷа хоҳад расид.