Роҳандози корҳои таблиғотӣ ва рейдҳои муштарак дар Душанбе ва Бохтар
Чоп шуд: 16/06/2023 | adminТаъмини бехатариву амният дар обҳо яке аз вазифаҳои басо муҳимест, ки ин шабу рӯз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар душ доранд. Мавсими тобистону оғози оббозӣ ва истироҳати тобистона дар соҳили рӯду канори кӯлу обанборҳост ва ин боис шуда, ки кормандони КҲФ дар баъзе манотиқ навбатдории ҳамешагӣ ташкил кунанд ва дар манотиқи дигар пайваста корҳои таблиғотиро роҳандозӣ кунанд, то аз шумори ғарқшудагон бикоҳанд.