Ҳалокати боз се нафар дар обҳои кишвар, ки ду нафарашон ноболиғон буданд

Ҳалокати боз се нафар

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳалокати се нафар дар обҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод, ки ду тани онҳо бачаҳо буданд. Бино ба маълумоти расида ин ду кӯдаки ғарқшуда  бе назорати волидон дар соҳили обҳо ҳузур доштанд. То 16-уми июни соли 2023 дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.

Чунончӣ, 15 июни соли ҷорӣ тахминан соати 12:35 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ ва ба ҳалокат расид.

Ба ҷустуҷӯи ҷасади номбурда имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷалб шуданд ва ғаввосон ҷасади писаракро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Ҳодисаи дуюм низ дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Боз ҳам рӯзи гузашта тахминан соати 13:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 18-солаи деҳаи Ваҳдати ноҳияи  Ёвон ҳангоми оббози дар ҷойи мамнуъи канали байнидеҳаҳо ғарқ гардид.

Ҷасади ӯро сокинони деҳа пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Ҳодисаи сеюм рӯзи 15-уми июн дар шимоли кишвар рух дод. Тахминан соати 18:10 дақиқа як сокини 7-солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар канали “Туксанкорез” ғарқ шуд. Сабаб беназоратии падару модар.

Ҷасади ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Маврид ба ёдоварист, ки то 16-уми июни соли 2023 дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падарону модарон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Бахусус ба соҳили обҳо бе калосолон рафтани онҳо хатар дорад.

Фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва агар оббозӣ наметавонанд, ба рафтани онҳо соҳили дарёву кӯлу каналҳо монеъ шавед.

барчасп: