Роҳандози корҳои таблиғотӣ ва рейдҳои муштарак дар Душанбе ва Бохтар

Таъмини бехатариву амният дар обҳо яке аз вазифаҳои басо муҳимест, ки ин шабу рӯз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар душ доранд. Мавсими тобистону оғози оббозӣ ва истироҳати тобистона дар соҳили рӯду канори кӯлу обанборҳост ва ин боис шуда, ки кормандони КҲФ дар баъзе манотиқ навбатдории ҳамешагӣ ташкил кунанд ва дар манотиқи дигар пайваста корҳои таблиғотиро роҳандозӣ кунанд, то аз шумори ғарқшудагон бикоҳанд.

Ахиран бо мақсади роҳ надодани ба ҳодисаҳои нохӯш дар мавсими тобистон ҳайате аз нозирони КҲФ ҳамроҳ бо кормнадони ВКД, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар махзанҳои оби шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар як силсила чорабиниҳо ба роҳ монданд. 

Чунончӣ, ин ҳайат аз кӯлҳои “Ҷавонон”, “Чорбоғ 1 ва 2”, ки  дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, дар каналҳои “Ҷайҳун” ва “Хонум”, ки дар қаламрави шаҳри Бохтар ҷой гирифтаанд, дидан намуд.

Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён, ки аз ҳудуди он дарёи Вахш ҷорӣ мешавад, рейд гузарониданд. Бо истироҳаткунандагон ҳамсуҳбат шуданд ва дар мавриди амалҳои бехатар дар об ва расонидани ёриҳои аввалин ба ғарқшавандагон гуфтугӯ намуданд. 

Баъдан ин гурӯҳ ба самти НОБ-и Варзоб ҳаракат кард. Ин махзани об барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, вале одамон ҷамъ меоянда ва оббозӣ мекунанд ва мутаассифона аксари онҳо кӯдакону наврасонанд.

Дар рӯдхонаҳои “Лучоб”, “Душанбе” ва “Канали калони Ҳисор” низ рейдҳо гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни ин рейдҳо вайранкунандагони низоми будубош дар соҳили обҳо ошкор карда шуданд, ки аксари онҳо наврасон буданд. Гурӯҳ бо онҳо суҳбат кард ва қоидаҳои ҳузур дар соҳили обҳо, эҳтимолияти ҳодисаҳои нохушро барояшон фаҳмонд.

барчасп: