Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агетии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 то 24-уми июни соли 2023 дар аксари ноҳияҳои мамлкат ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Дар водиҳои вилояти Хатлон дамои ҳаво то 42+47 дараҷа боло хоҳад рафт, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд 38+43 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ то ба 34+39 дараҷа хоҳад расид.
Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз ҷануб ба ғарб бо суръати то 15-20 м/с хоҳад вазид, рӯзҳои 23-24 июн дар навоҳии ҷануб ва марказии ҷумҳурӣ хокбориш дар назар дошта шудааст.
Дар ин рӯзҳо бар асари болоравии дамои ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон вуҷуд дорад. Эҳтимоли оадани селҳо дар баъзе навоҳии кӯҳӣ низ зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳро сари вақт тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.
Дар чунин рӯзҳо худдорӣ аз ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо ба манфиат аст.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани масофаи миёни мошинҳо аз омилҳои ҳодисаҳои нохушанд.
ВА ЧАНД ТАВСИЯИ ДИГАР БА СОКИНОН ВА МЕҲМОНОНИ КИШВАР:
1. Бе зарурат дар чунин рӯзҳои гарм берун наравед ва дар хона бимонед, бахусус дар соатҳое, ки нурҳои офтоб хеле фаъоланд, берун нарафтан ба манфиат аст. Мутахассисон аз соати 11 то 17-ро, ки айёми шиддати гармост, барои инсонҳо зараровар медонанд. Вале агар зарурате пеш омад ва шумо озими кӯча шудед, пас фаромӯш накунед, ки дар сар кулоши сабуки тобистона дошта бошем. Ҳамроҳи худ доштани оби бегаз муфид аст. Ҳангоме дар кӯча ҳастед, пас кӯшиш кунед дар соя бошед, зери сояҳо ҳаракат кунед. Гоҳу ногоҳ ба мағозаҳо дароед ва аз ҳавополои муассисаҳои тиҷоратӣ барои сард кардани ҳарорати бадани худ истифода кунед.
2. Барои таъмини организм бештар об нӯшед, тавсия мешавад, ки рӯзе набояд камтар аз 1,5-3 литр об бинӯшед.
3. Дар чунин рӯҳои гарм ҳаргиз тавсия намешавад, ки шароб нӯшед, ҳатто нӯшидани оби ҷав (пиво) низ маслиҳат нест. Ҳамчунин мутахассисон тавсия намедиҳанд, ки шумо ҳар гуна обҳои минералии газдору ширин нӯшед. Ин гуна обҳо ташнагии шуморо намешикананд ва илова бар ин табодули равандҳои организмро суст мекунанд, ки ин ба манфиат нест.
4. Бештар хӯроки сабук нӯши ҷон кунед: меваву сазаҷотро истифода кунед, моҳӣ ва мурғии обпаз, шӯрбои сард ва ғайра. Дар ин рӯзҳо билкул аз истеъмоли ғизоҳои равғанӣ, дар равған тафдодашуда ва ширинӣ даст кашед.
5. Ҳарорати ҳавои хонаи истиқоматии шумо бояд +22+23 дараҷа бошад, на кам ва на зиёд.
6. Ба бачаҳо бештар диққат диҳед. Дониста бошед, ки организми кӯдакон ба гармӣ бештар ҳассосият дорад.
7. Ҳангоми истироҳат дар соҳили обҳо бештар эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатариву амният дар обҳоро куллан риоя кунед.
Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад ҳамеша ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳо, хасу хошоку сангу рег тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва ба хонаҳои шумо ва киштзоратон зарар нарасонад.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад ба хабарҳои ВКД, КҲФ ва Вазорати нақлиёти кишвар пайваста таваҷҷуҳ кунанд ва тибқи тавсияҳои амал намоянд!
Агар ҳодисае рух дод, метавонед бо телефонҳои “112” ва ё 93 880 28 90 муроҷиат кунед ва кумак хоҳед!