Ҳушдори навбатӣ аз тағйири обу ҳаво. Дар хокбориш чӣ бояд кард?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21 июни соли 2023 ба сабаби боло рафтани дамои ҳаво эҳтимоли баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои қисмати ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ноҳияҳои вилояти Суғд ва тобеъи ҷумҳурӣ низ эҳтимоли омадани селҳо зиёд аст. 

Рӯзҳои 20-25 июни соли ҷорӣ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Дар водиҳои вилояти Хатлон дамои ҳаво то 39+44 дараҷа боло хоҳад рафт, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд 36+41 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ то ба 32+37 дараҷа хоҳад расид.

Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз ҷануб ба ғарб бо суръати то 15-20 м/с хоҳад вазид, рӯзҳои 23-25 июн дар навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш дар назар дошта шудааст. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳаолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бештар ба касони гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония таваҷҷуҳ кунанд.  

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

ЧАНД ТАВСИЯ БА АҲОЛӢ БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲОДИСАҲОИ НОХӮШ ДАР ЧУНИН ҲОЛАТҲО:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

- дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 

- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19.

 

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05; 2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60;  2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57; 2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72; 5-15-55.

ЗАНГ ЗАНЕД.

барчасп: