Омӯзишу тамринҳо дар ноҳияи Восеъ

kompleksnye_ucheniya

Тибқи Нақша - чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023, Фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 24 майи соли 2023  “Дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷиши ҳолатҳои омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ”  аз  31  май  то 3  июни  соли  2023  дар ноҳияи Восеъ  санҷиши ҳолати омодагии зернизоми вазифавӣ ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва машқи мукаммал дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазивавӣ ва ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда” гузаронида шуд.

  Рӯзҳои 1 - 2 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати  шаҳраки Ҳулбук кӯчаи С. Вализодаи ноҳияи Восеъ машқи махсуси тактикии мудофиаи граждании ноҳия дар пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби қувва ва воситаҳои хадамоти  мудофиаи  гражданӣ  ва  аҳолии  кӯчаи мазкур тоза намудани канали ирригатсионии маркази ноҳия  бо ҷалби 1 адад эксватор ва 3 адад мошинхои боркаш тоза карда шуд.

   3 майи соли 2023 дар марҳилаи дуюми машқи мукамали мудофиаи гражданӣ ҳудуди маҳаллаи Синои ҷамоати шаҳраки  Ҳулбукро бо мақсади ҳимоя намудани аҳолӣ ва бо таври амалӣ иҷро намудани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, эвакуатсияи аҳолии маҳалаи Сино аз минтақаҳои хавфнок ба ҷой бехавф бо воситаи нақлиёт ва пиёда бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ ноҳия гузаронида шуд.

  Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ 41 адад нақлиёти гуногуни боркашу мусофиркаш ва зиёда аз 360  нафар аҳолӣ  ҷалб  карда  шуд.