Дар саросари кишвар аз 1-уми июн расман мавсими оббозӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат тибқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда кормандони Раёсату шуъбаҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили обҳо навбатдорӣ ташкил мекунанд ва ҳамзамон бо роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ ба сокинон ва истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарии будубош дар соҳили обҳоро меомӯзанд.
Ҳамин гуна як чорабинӣ рӯзи 1 июни соли равон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он сардор шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сардори бахши равобит бо ҷомеаи раёсат ширкат карданд.
Дар он оид ба талаботҳо ва риояи қоидаҳои оббозӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми оббозӣ талаботҳои онро риоя намуда, дар ҷойҳо ё иншоотҳои обӣ, ки барои оббозӣ пешбинӣ шудааст, оббозӣ кунанд.
Дар охири сӯҳбат байни донишҷӯён ва масъулини Раёсат табодули афкор сурат гирфт.
Кормандони Раёсат ба ширкаткунандагон китобчаҳои таблиғотӣ ва дастурҳо дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ, расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдидагон тақсм намуданд.