Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат болоравии дамои ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо бино ба гузориши манбаъ ҳаво то ба 40 дараҷа гарм мешавад.

Болоравии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ метавонад сабабгори об шудани пиряхҳо шавад ва аз ин ҳисоб сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло равад. Ин метавонад муҷиби обхезиҳо, лағзиши замин ва резиши санг дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ гардад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. 

Тавсияҳо дар мавриди ҳавои гарм ва риояи қоидаҳои бехтараии шахсиро ин ҷо метавонед бихонед:

барчасп: