Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истнодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 24 то 27-уми июни соли равон дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамоли пуршиддат дар назар дошта шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки бод дар ин минтақаҳои ёдшуда дар сония 15-20 метр хоҳад вазид. Ва дар натиҷа эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш вуҷуд дорад.
Рӯзҳои 23-24 июни соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ омадни селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад ва дар навоҳии ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ низ хатари омадани сел аэ эҳтимол дур нест.
Рӯзҳои 24-25 июн дар навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари омили метеорологӣ (чангу хоке, ки ба қаламрави кишвар аз самти ҷанубу ғарб ворид мешавад), ҳаво ғуборолуд мешавад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, рафтан ба кӯҳу пуштаҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва гиёҳони дорувор, чорвочаронӣ ва ғайра қоидаҳои бехатариро риоя намоянд
Кӯдаконро танҳову беназорат нагузоранд, бахусус танҳо фиристодани онҳо ба соҳили обҳо ҳамеша хатарнок аст!