Ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Роштқалъа баргузор шуд

Роштқалъа

29 июни соли  2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии бартарафсозии паёмадҳои офати таиӣ дар ноҳияи Роштқалъа таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ва сарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор шуд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба офати табиие, ки аз 24 то 28 июни соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Миденведи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа биноҳои истиқоматй ва объектҳои хоҷагии ноҳия зарар диданд, ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот дод. 

Зикр гардид, ки дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоятӣ ва ноҳиявӣ аллакай дар ҷойи ҳодиса ба кор оғоз намуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.  

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28 июни соли 2023 гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати омӯзиши вазъ дар минтақаи офати табиӣ сафарбар карда шуд. Муовини раиси Кумита, генерал-майор Сулаймон Исозод ва намояндагони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Агентии мелиоратсия ва обьёрй, Агентии гидрометеорология дар ҳайати ин гурӯҳи корӣ ба фаъолият пардохтанд. 

Дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба кор шурӯъ кард.

Худи ҳамон рӯз ба аҳолии зарардида маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, руғани рустанӣ, биринҷ, шакар, маҳсулоти макаронӣ, нахӯд тақсим карда шуд.

барчасп: