Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумони Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки аз 30-уми июн то 2-уми июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад кард. Рӯзҳои 3-4 июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди шадид дар назар дошта шудааст. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои ёдшуда шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония хоҳад вазид.
Рӯзҳои 29-уми июн то 5-уми июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо эҳтимол дорад.
Аз 29 – уми июн то 5 июли соли 2023 дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳро сари вақт тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.
Дар чунин рӯзҳо худдорӣ аз ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо ба манфиат аст.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани масофаи миёни мошинҳо аз омилҳои ҳодисаҳои нохушанд.