Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво зарфи чанд рӯзи охир ва баъдан боридани барфу борон аз 31-уми январ то 2-уми феврали соли ҷорӣ  дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Бархӯрди се мошини боркаш дар роҳи Душанбе – Варзоб. Ронандаи яке аз ин мошинҳо маҷруҳ шуд

Дар километри 60-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд як мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz-Atego” ба ду боркаши дигар тамғаи “ДУЛАН” бархӯрдааст ва аз ин ронандаи “Merсedes-Benz-Atego” сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати...

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

Муқаддима

Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат   мебошад.

Зилзила дар Эрон: Ҳудуди 1000 нафар маҷруҳ шуданд ва се нафар ба ҳалокат расиданд

Зилзила бо қувваи 5,9 балл вилояти Озарбойҷони Ғарбиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шадидан такон дод ва бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расиданд ва ҳудудан 1000 нафар захмӣ гаштанд. Намояндаи хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти ёдшуда Муҷтабо Холидӣ ба хабарнигорон аз захмиву маҷруҳ шудани 973 нафар хабар додааст ва гуфтааст, ки 858 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон замин ларзид, талафоти ҷониву хисорати дигар нест

29-уми январи соли равон соати 08:53 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии кишвар маркази он 196 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 26 километр ҷанубу шарқи маркази ноҳияи Тоҷикобод буд.

Бино ба иттилои ин манбаъ қувваи заминларза дар...

Страницы