Бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар омадани селҳо ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин боди шадид ҳам боиси ташвишу изтироби сокинон буд. Хушбахтона, ин ҳама талафоти ҷонӣ надошт.
Чунончӣ, 14-уми июни соли равон дар ҳудуди деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт дар натиҷаи борони пуршиддат сел омад. 5 хонаи истиқоматии сокинон ва 3 сохтмони ёрирасон зарар дид, 20 қитъаи наздиҳавлигӣ , 5 гектар майдони кишт зери об монд. Дар ин офати табиӣ сокинон 10 сар ҳайвони калон ва 20 ҳайвони хурдро аз даст доданд.
Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ноҳия фаъолият дорад ва зарари расида ҳисоб карда мешавад.
14 июни соли 2023 наздик ба соати 12:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар ҳудуди Арчакаппаи ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари болоравии дамои ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо селҳои парешон маҷрои дарёи Сурхобро тағйир доданд. Дар натиҷаи 350 метр роҳ шуста шуд, ду симчӯби интиқоли қувваи барқ хароб гардид ва наздик ба 300 метр сими интиқоли барқ коношоям шуд.
Дар айни замон барои сари вақт бартараф намудани паёмадҳои ин офат тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд.
Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ набуд.
Худи ҳамин рӯз наздик ба соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар ҳудуди деҳаи Яхчи ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод шуд. Сел роҳи байни деҳаҳоро баст, равуои мошинҳо мутаваққиф шуд.
Ҳоло дар ҷойи ҳодаиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад.
Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.
14 июни соли 2023 соати 19:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ сел қитъаи роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Сангворро дар километрҳои 9, 27, 39 ва 55 зери об кард. Ин сабаб гардид, ки ҳаракати мошинҳо муваққатан мутаваққиф шавад.
Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастбакор шудаву паёмадҳои ин ҳодисаро бартараф мекунад.
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.
14 июни соли 2023 боди шадид сабаби харобии боми хонаҳо ва шикастани дарахтон дар пойтахт шуд. Сокинони хонаҳои №64, №68, №93, кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ба қисми навбатдории КҲФ хабар доданд, ки шамоли сахт боми хонаҳои онҳоро хароб кардаву дар ҳоли садамавӣ оварда расондааст.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расид ва бо ёрии техникаи махсус хатарро бартараф кард.
Ҳамин гуна зангҳои телефонӣ аз сокинони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур ҳам расид.
Ҳамчунин наҷотдиҳандагон паёмадҳои шикастани як дарахти азим дар ҳудуди мағозаи “Зебо”-и ноҳияи Фирдавсиро бартараф намуданд. Ин дарахт рӯи роҳ афтодаву ҳаракати мошинҳо ва пиёдаровонро ба мушкил рӯбарӯ карда буд.
Шабонарӯзи гузашта Хадамоти зидди жолаи Кумита барои бартараф намудани хатари резиши жола дар қаламрави шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон 50 мушаки “Алазан” партоб намуд ва садҳо гектар заминҳои кишоварзиро аз хатари жола наҷот дод.