КҲФ: Ҳавои гарм хатари обхезиву омадани селҳоро зиёд кардааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи рӯдхонаҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст. Шабонарӯзи оянда дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ барои сокинон чанд тавсия медиҳад, ки риояи онҳо ба нафъи саломатии шаҳрвандон аст:

1. Бе зарурат дар чунин рӯзҳои гарм берун наравед ва дар хона бимонед, бахусус дар соатҳое, ки нурҳои офтоб хеле фаъоланд, берун нарафтан ба манфиат аст. Мутахассисон аз соати 11 то 17-ро, ки айёми шиддати гармост, барои инсонҳо зараровар медонанд.  Вале агар зарурате пеш омад ва шумо озими кӯча шудед, пас фаромӯш накунед, ки дар сар кулоши сабуки тобистона дошта бошем. Ҳамроҳи худ доштани оби бегаз муфид аст. Ҳангоме дар кӯча ҳастед, пас кӯшиш кунед дар соя бошед, зери сояҳо ҳаракат кунед. Гоҳу ногоҳ ба мағозаҳо дароед ва аз ҳавополои муассисаҳои тиҷоратӣ барои сард кардани ҳарорати бадани худ истифода кунед.

2. Барои таъмини организм бештар об нӯшед, тавсия мешавад, ки рӯзе набояд камтар аз 1,5-3 литр об бинӯшед.

3. Дар чунин рӯҳои гарм ҳаргиз тавсия намешавад, ки шароб нӯшед, ҳатто нӯшидани оби ҷав (пиво) низ маслиҳат нест. Ҳамчунин мутахассисон тавсия намедиҳанд, ки шумо ҳар гуна обҳои минералии газдору ширин нӯшед. Ин гуна обҳо ташнагии шуморо намешикананд ва илова бар ин табодули равандҳои организмро суст мекунанд, ки ин ба манфиат нест.

4. Бештар хӯроки сабук нӯши ҷон кунед: меваву сазаҷотро истифода кунед, моҳӣ ва мурғии обпаз, шӯрбои сард ва ғайра. Дар ин рӯзҳо билкул аз истеъмоли ғизоҳои равғанӣ, дар равған тафдодашуда ва ширинӣ даст кашед.

5. Ҳарорати ҳавои хонаи истиқоматии шумо бояд  +22+23 дараҷа бошад, на кам ва на зиёд. 

6. Ба бачаҳо бештар диққат диҳед. Дониста бошед, ки организми кӯдакон ба гармӣ бештар ҳассосият дорад.

7. Ҳангоми истироҳат дар соҳили обҳо бештар эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатариву амният дар обҳоро куллан риоя кунед.

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад ҳамеша ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳо, хасу хошоку сангу рег тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва ба хонаҳои шумо ва киштзоратон зарар нарасонад.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад ба хабарҳои ВКД, КҲФ ва Вазорати нақлиёти кишвар пайваста таваҷҷуҳ кунанд ва тибқи тавсияҳои амал намоянд!

барчасп: