Дар ҳудуди вилояти Хатлон рейдҳои муштараки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят идома дорад.
Ин гуна рейдҳо ахиран дар қаламрави ноҳияи Ҷомӣ баргузор шуд. Кормандони Раёсати КҲФ, намояндагони Шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ, кормандони рӯзномаи “Хатлон” бо истифода аз таҷҳизотҳои таблиғотӣ дар бозори маркази ноҳия, истгоҳи мошинҳо, кӯчаҳо бо мардум рӯбарӯ суҳбат карданд, бо баландгӯякҳо дар бораи риояи қоидаҳои бехтарӣ дар обҳо, беназорат нагузоштани кӯдакону наврасон нақл намуданд.
Аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Обшорон ва Каленини ноҳияи Ҷомӣ дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ва амният дар соҳили обҳо огоҳонида шуданд.
Ҳангоми баргузории рейдҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Обшорон ва Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, дар соҳили канали магистралӣ се ноболиғ дида шуд, ки дар ҷойи мамнуъ танҳо ва бе назорати калонсолон оббозӣ мекарданд.
Дар ин бора протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд, то волидонашон эҳсоси масъулият кунанд.