Вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Охири ҳафтаи гузашта дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, ғизо ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати кӯли Сарези КҲФ вохӯрӣ бо сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, инчунин бо собиқадори КҲФ генерал-майор Б.Орифов бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

200 тарма дар 5 рӯз. Хатари лағзиши тарма ҳамоно вуҷуд дорад

Шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар нуҳ ҳодисаи лазиши тарма ба қайд гирифта шуд. Зарфи панҷ рӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст, ки бар асари он 19 нафар сокинони навоҳии мухталиф ҷони худро аз даст доданд.

Чунончӣ, 19 – уми феврали соли 2023 дар километри 327 роҳи мошингарди  Душанбе-Кӯлоб...

Машқҳо ва санҷишҳои ғайринақшавии Кумита

Дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумита 13 то 18 феврали соли 2023 дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита санҷиши минтақаҳои хавфнок гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, тибқи банди 8-и Қарори ҷаласаи Мушовара машқи ғайринақшавии Низоми ягонаи...

Изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Тоҷикистон

Номаҳои тасаллӣ аз сарварони кишварҳову созмонҳо ҳамоно ба унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷеаи ахири тарма дар қаламрави кишвар ҳамоно мерасанд. Истинодан ба сомонаи Президенти Тоҷикистон  чанде аз ин номаҳои тасаллиро чоп мекунем.

Хабарҳои охир аз лағзиши тарма, сел, ярч дар қаламрави кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 24 ҳодисаи лағзиши тарма, 6 ярч ва 5 сел ба қайд гирифта шуд.

ВМКБ

17 феврали соли 2023 соати 21:11 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 352 роҳи мошингарди Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, ки аз деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумб мегузарад, сел омад.

Страницы