Сипосгузории Вазири мудофиаи миллии Туркия ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон

21 – уми феврали соли 2023 Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Хулуси Аскар дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ҳотой бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар суҳбат бо ҷонишини Раиси КҲФ, генерал-майор Сулаймон Исозода – роҳбари имдодгарони Тоҷикистон,

Маълумот оид ба вазъ дар кишвар дар 20 феврали соли 2023

Маълумот оид ба вазъ дар кишвар

20-уми фепврали соли 2023 дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шуданд. Ин ҳодисаҳои талафоти ҷонӣ ва дигар харобӣ надоштанд.

ВМКБ

20 – уми феврали соли 2023 соати 10:20 дар километри 20-

Оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ дар фурсати кӯтоҳтарин бартараф карда мешаванд

Оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 феврал бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Сарвазири мамлакатро дар ин сафар роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ аввал аз мавзеи фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дидан намуд.

Заминларзаи нав дар Туркия 3 танро ҳалок кард ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ гардиданд

Бар асари заминларзаи нав дар Туркия 3 нафар ҳалок ва 213 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ин зилзила рӯзи душанбе рух дод ва вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу аз сокинон хост ба биноҳои вайрона ворид нашаванд.

Заминларза боз ҳам дар ҷануби Туркия, дар ҳамон маконе рух дод, ки аввали моҳи феврал боиси ҳалокати ҳазорон...

ФАВРӢ: Президенти Туркия дар вилояти Ҳотой бо имдодгарони Тоҷикистон мулоқот кард (ВИДЕО)

Имрӯз, 20 – уми феврали соли  2023 Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.

Страницы