Э Ъ Л О Н

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи холии штатии ҳарбии афсарӣ ва прапоршикӣ дар Дастгоҳи марказӣ, Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, сохторҳои Кумита дар гарнизони Душанбе ва қисмҳои ҳарбӣ номзадонро қабул менамояд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, бояд ба талаботҳои муқарраршудаи зерин мувофиқат кунанд:

  • аз рӯи синну сол (барои онҳое, ки бори аввал ба хизмати ихтиёрии ҳарбӣ қабул карда мешаванд мардҳо аз 18 то 35-сола ва занон аз 20 то 35-сола);
  • аз рӯи вазъи саломатӣ;
  • аз рӯи сифатҳои ахлоқӣ-психологӣ;
  • аз рӯи меъёри маълумоти умумӣ;
  • аз рӯи дараҷаи тайёрии касбӣ;
  • аз рӯи меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ;
  • адо намудаи хизмати ҳатмии ҳарбӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои тибқи қонунгузорӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд ва онҳое, ки тайёрии ҳарбиро дар назди кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳои олӣ гузаштаанд);
  • маҳкум нагардидан бо ҳукми суд;
  • надоштани кӯдаки то 3-сола (барои занон);
  • надоштани шаҳрвандии дигар давлат

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳанатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шиноснома;

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои онҳое, ки ақди никоҳ доранд);

- нусхаи шаҳодатномаи таваллуди фарзандон (барои онҳое, ки фарзанд доранд)

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- хислатнома (аз ҷои кори охирон);

-нусхаи билети ҳарбӣ;

- Маълумотнома (справка-объективка).

Эзоҳ: Номзадон дар вазифаҳои пешниҳодгардида бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ва муайян намудани мувофиқат ба хизмати ҳарбӣ тариқи суҳбати озод тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба кор қабул карда мешаванд.

Суроғаи мо:

ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26, тел. 223-01-53
Почтаи электронӣ: info@khf.tj
Сомона: www.khf.tj

барчасп: