Ҷаласаи тантанавӣ дар Кумита бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

23 феврали соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳалатҳои фавққулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. 

Ҷаласаи тантанавиро ба муносибати ид ифтитоҳ намуда, муовини якуми Раиси КҲФ полковник Х.Латифзода кормандонро табрик гуфт. Вай аз ҷумла изҳор дошт:

"Ин ҷашн ҳамеша рамзи мардонагӣ, фидокорӣ, шаъну шараф буд ва мемонад. Табрикоти самимии маро қабул фармоед. Ба хонадони ҳар кадоми шумо саломатӣ, хушбахтӣ, сулҳу оромӣ ва хонаободӣ таманно дорам».

Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои КҲФ майор Назарзода Ҷӯрахон зимни суханронӣ дар назди кормандон таъкид кард, ки кормандони КҲФ дар ҳар вақти шабу рӯз омодаи кумак ба мардум ҳастанд, зеро кори онҳо танҳо барои онон аст, ки тавони нишон додани ҷасорату мардонагӣ доранд.

Сардори Шӯрои собиқадорони КҲФ, полковники мустаъфӣ Мирзоев М., ҳайати шахсии Кумитаро табрик гуфта, таъкид дошт, ки ҳар яки мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем, донишу малакаи касбии худро барои таъмини амнияту саодати мардум, ободии Ватан, сулҳу осоиш ва ҳифзи тамомияти арзии он равона созем.

Сардори шуъбаи ҳуқуқи КҲФ майор Исозода А., зимни суханронии худ қайд намуд, ки сарбозону афсарон аз замонҳои қадим аз меҳру муҳаббати доимии мардум бархӯрдор буданд. Ин аз қадим касби пурифтихор буду имрӯз низ чунин аст.  Муҳаббат ба Ватан ва қарзи ҳарбӣ барин арзишҳои он барои тамоми ҳомиёни Ватан муқаддас гардиданд. 

Дар поёни ҳамоиш як қатор кормандон рутбаҳои ҳарбии нав дарёфт карданд, касоне, ки тӯли сол дар мусобиқоти варзиши шарафи Кумитаро ҳифз карданд, бо сипосномаҳо ва номаҳои сипос қадрдонӣ шуданд. 

барчасп: