Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои имдодгарони КҲФ таҷҳизоти наҷот тақдим кард
Чоп шуд: 03/03/2023 | adminБо мақсади татбиқи минбаъдаи Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули таҷҳизоти техникӣ барои гурӯҳи наҷот баргузор гардид.
Барои дастаҳои наҷот васоити зарурӣ ҷиҳати анҷоми корҳои садамавӣ – курсиҳои эвакуатсия, прожекторҳои диодӣ, таҷҳизоти ғаввосӣ, фонусҳо барои фаъолиятҳои зериобӣ ва расанҳои наҷот супурда шуданд.