Шабонарӯзи гузашта танҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 8 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд

1 марти соли 2024 соати 10:00 дақиқа дар километрҳои 59, 63, 64, 65, 66, 67, 67200 ва 68 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб 8 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои бартараф намудани хатар ва паёмадҳои офат техникаи махсуси хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб шуд. Лағзиши тармаҳо бе талафоти ҷонӣ буд.

Наҷотдиҳандагони Кумита барои ҳифзи ронандагону мусофирон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар минтақаҳои хатарнок шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.

КҲФ хотиррасон мекунад, ки бинобар резиши барфи зиёд дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин роҳҳои Душанбе- Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши сангу рег, яхбандӣ боқӣ мемонад.

КҲФ аз ронандагон хоҳиш мекунанд пеш аз сафар вазъи роҳҳои омӯзанд, мошинҳои худро аз қабл барои сафар омода созанд, ҳамеша асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд.

Риояи фосилаи байни мошинҳо хеле муҳим аст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш менуад эҳтиёткор бошанд. Дар ҳоли шоҳиди ҳолатҳои фавқулода шудан,
бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат кунанд. 

барчасп: