КҲФ бори дигар ба сокинон ҳушдор медиҳад: Аз барфу борону сардиҳо эҳтиёт кунед!

барфу борон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 17 то 21 феврали соли 2024 дар қаламрави кишвар ҳарорати ҳаво сард мешавад. Эҳтимоли то 2-7 дарҷа коҳиш ёфтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои вилояти Суғд, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво шабона то 0,5 дараҷа сард мешавадва рӯзона  аз -3 дараҷа сард, то +2 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 17-19 феврали соли 2024 дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ барфу борон башиддат меборад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳо, роҳҳои доманакӯҳивуу кӯҳӣ, инчунин дар ағбаҳо туман (дид камтар аз 100 метр) пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ дар назар аст. Рӯзҳои 16-20 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамол то 17-22 м/с дар назар дошта шудааст.

Рӯзҳои 17-18 феврал бар асари боронҳои пуршиддат интизор меравад сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло равад. Эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе навоҳии вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Рӯзҳои 16-21 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои ҷануб ва шимоли қаторкӯҳҳои Ҳисор ва навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад. 

Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ барои риояи қоидаҳои бехатарӣ чанд тавсия медиҳад:

  • Новобаста ба он ки шумо соҳиби чӣ гуна манзили истиқоматиед, бояд захираи ҳезуму ангишт дошта бошед.  
  • Хонаҳои худро гарм нигоҳ дорем, ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паногоҳ аз сардӣ хидмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ноҷӯриҳо ва бахусус сӯхтор нашаванд.
  • Ҳангоми боди шадид зери дарахтон, симчӯбҳои интиқоли барқ, сутунҳои реклом паноҳ набаред!
  • Бовар ҳосил намоед, ки чоравои хонагии шумо дар ҷойи амн асту сардӣ таъсираш надорад. Дар бораи захираи ғизо ба чорво ва об низ сари вақт фикр кунед.

ЧАНД ТАВСИЯ БА СОҲИБОНИ МОШИНҲО:

-КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

 -ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

-ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

барчасп: