Барфу борони шадид, ки қаблан дар ин бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, боиси лағзиши тарма шуда, ҳаракати мошинҳоро дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ба мушкил рӯбарӯ сохт.
Чунончӣ, 16 феврали соли 2024 дар километри 559 роҳи мошигарди Душанбе-Хоруғ, ки аз тариқи мавзеъи Синсилаҳи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон мегузарад, барф ва баъдан тарма боиси он гардид, ки роҳ муваққатан баста шавад.
Барои бартараф намудани ҳолати ба амаломада кормандони хадамоти роҳи вазорати нақлиёт ва техникаи ин вазорат ҷалб шуд. Дар айни замон роҳ аз ғарами барф пурра тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд.
Ҳамаи воҳидҳои наҷоти КҲФ бинобар сабаби борандагии шадид ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳолаҳои фавқулода дар ҳоли омодабоши комил дароварда шудаанд. Имдодгарон ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва дигар роҳҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 20-уми феврали соли 2024 ҳарорати ҳаво дар саросари мамлакат тағйир меёбад ва сард мешавад. Бороне, ки дар водиҳо меборад, батадриҷ ба барф мубаддал мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид дар назар аст. Аз сардии ҳаво роҳҳои кӯҳӣ ях мебанданд ва табиист, ки ин ҳаракаи мошинҳоро барои муддате мушкил мекунад.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.