15-уми феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии мазкур иштирокчиён дар бораи ташкил намудани манбаи ягонаи маълумот ва иттилоот, ба роҳ мондани огоҳсозии аҳолӣ тавассути васоити ахбори омма, ба роҳ мондани огоҳсозии аҳолӣ тавассути операторони телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои алоқа, ташкили ҷаласаҳои фаврӣ тариқи видеоконференсия байни Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумита ва мавзеи рухдодаи ҳолатҳои фавқулода бо истифода аз автомашинаҳои махсуси алоқаи операторони мобилӣ, таҳия ва тасдиқ намудани созишномаҳои ҳамкорӣ, пайваст намудани Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита бо системаҳои дахлдори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Шаҳри бехатар”-и ВКД ва дигар низомҳои вобаста ҳолатҳои фавқулода дар вазорату идораҳо, насб кардани камераҳои мушоҳидавии статсионарӣ барои аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ назорат намудани минтақаҳои хавфноки роҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Хоруғ, нақбҳо, дарёҳои Панҷ, Сурхоб, Ёхсӯ ва Вахш, дарёфт намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ташкил ва таъмини низоми мушоҳидавӣ ва огоҳсозӣ, ба роҳ мондани низоми мониторинги сатҳи барф дар мавзеҳои осебпазир ва насби камераҳои мушоҳидавӣ, бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ-технологӣ ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ, огоҳкунӣ ва пешниҳоди маълумот тавассути усулҳои нав, аз ҷумла ГИС-технологияҳо, наворҳои фосилавӣ, аксгирии ҳавоӣ ва кайҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, иштирокчиён оид ба ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо вазорату идораҳо оид ба ҷамъоварии маълумот ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳкунӣ аз офатҳои табиӣ ва бо мақсади муайянсозии саривақтии параметрҳои заминҷунбиҳо дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо пешниҳод намудани низоми нави маълумоти сейсмологӣ, инчунин муттаҳид намудани ҳамаи пойгоҳҳои сейсмологӣ дар як маркази баррасӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки таклиф ва пешниҳодҳои намояндагони вазорати идораҳо доир ба ҳалли масъалаҳои дар боло номбаршуда шунида шуд ва қайд гардид, ки ҳамкорӣ дар ин самт пурзӯр карда мешавад.