Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзҳои 10-11 апрели соли равон
Чоп шуд: 08/04/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10-11 – уми апрели соли 2023 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Чунончӣ, 10 апрел рӯзона ва 11 апрел шабона дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.