Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои оянда низ хатари лағжиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад ва дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳо дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯӯҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.
Сокинон бояд каналу ҷӯёборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.
КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.