Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023

Олиҷанобон,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид,
Иштирокчиёни муҳтарам,

Дар давоми се рӯзи охир  Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал

Таҷлили Наврӯз дар КҲФ

25 марти соли 2023 дар ҳавлии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки “Наврӯз ва анъанаҳои он” ном дошт, кормандони КҲФ ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Дар ВМКБ кумакҳои навбатӣ тақсим карда шуданд

Бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки навбатӣ ба сокинони зарардида аз офатҳои табиии ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд.

Ёриҳои расида аз ҷониби Комиссияи тақсими кумакҳо бо иштироки намояндагони ҳукумати иҷроияи маҳаллии вилоят, шаҳри Хоруғ ва гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 хонаводаи зарардидаи шаҳри Хоруғ тақсим карда шуд.

Имдодгарон ҷасади ронандаеро, ки мошинаш ба канали Сталин сарозер шуда буд, пайдо карданд

Ҳамчуноне хабар дода будем, рӯзи 23 марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ин ноҳия як мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.

Натиҷаи кори Комиссияи ҳолатҳои фавқулода. Хабари расмӣ

24 марти соли 2023 гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 хонаро аз назар гузаронд.

Санҷиш нишон дод, ки дар деҳаи Палдорак 77 хона зарар дидааст, аз ҷумла 2 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шудааст ва 20 хонаи дигар қисман рӯ ба харобӣ овардааст.

Страницы