Селҳо дар навоҳии шимоли кишвар. Бе харобии зиёд ва талафоти ҷонӣ

Боронҳои пуршиддати шабонарӯзи гузашта дар баъзе навоҳии кишвар зарар расонданд. Селҳо харобиҳо ҳам ба бор оварданд, талафоти ҷонӣ набуд.

Чунончӣ,  2 апрели соли тахминан соати 17:00-17:10 дар натиҷаи боронҳои зиёд сел ҳудуди  кӯчаи Зуҳали шаҳри Хуҷандро фаро гирифт.
Тахминан соати  23:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ

Эълони қабул ба кор ба Раёсати наҷотдиҳии Кумита

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули кормандон ба ҷойҳои холии Раёсати наҷотдиҳиро ба ҳайси наҷотдиҳанда ълон мекунад.

ТАЛАБОТ БА НОМЗАДҲО:

  • синну солашон аз 20 то 28-сола;
  • дар сафи Артиш хидмат карда бошанд;

Заминларзаи субҳи имрӯз. Бидуни талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии назди АМИТ субҳои рӯзи 1-уми апрели соли равон соати 05:17 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 132 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 51 километр шимолу шарқ дар қаламрави ноҳияи Рашт буд.

Бино ба иттилои манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Ҳалокати як писари ҳафтсола дар сели ноҳияи Муъминобод

31 – уми моҳи марти соли 2023 тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монж ва ба ҳалокат расид. Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакӯҳҳо ҷорӣ шуд.

Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳад!

 лағжиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 31-уми марти соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ (роҳҳои мошингарди “Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор), вилояти Суғд ва ғарби роҳи мошингарди ВМКБ (Душанбе-Дарвоз”, Дарвоз-Ванҷ,

Страницы