«Тамоми қувваҳои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳид шаванд»,-навиштааст дотсенти Донишгоҳи давлатии Данғара, номзаади илмҳои ҳуқуқ Шарифхӯҷа ҲАСАНОВ дар як мақола, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Терроризм ба инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ таҳдид мекард. Экстремизму терроризм ҳанӯз хеле барвақт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омадаанд. Дар асри I пеш аз милод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо истифода аз террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумот вуҷуд дорад. Дар солҳои 60-70 асри 1 мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия — «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз амалҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи «сика» — ханҷари кӯтоҳ маънидод шудааст. Сикориҳо дар рӯзи равшан одатан дар вақтҳои серодам дар кӯчаҳо, бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд.
Яке аз коршиносони амрикоӣ Адам Перфей менависад, ки «сионизм аз методҳои террор барои ҳамвор сохтани роҳи худ дар зиндагӣ истифода мекард» Менахем Беген ва Исҳақ Шамир нахуствазири ояндаи Исроил номи худро бо ин машҳур гардониданд, ки истифодаи террорро ба муқобили Британияи Кабир ҳақ мешумориданд. Дар натиҷа Британияи Кабир аз СММ дархост кард, ки ба ташкили давлати Исроил (дар заминҳои Фаластин) иҷозат диҳад. Ҳамин тариқ, яҳудиён соҳиби 56 дар сади ҳудуди Фаластин шудаанд, дар ҳоле ки онҳо аз се як ҳиссаи аҳолиро ташкил медоданд.
Тибқи нишондоди таърих, террор ҳамеша дар ҳоли афзоиш аст. Дар асри ҳабдаҳум 33, дар асри ҳаждаҳ 144 амали террористӣ ба муқобили ходимони давлатӣ анҷом дода шудаанд. Дар асри бист 560 шоҳу президенту сарвазирҳо мавриди террор қарор гирифтаанд. Теъдоди аҳолии осоиштаро, ки қурбони террор шудаанд, аниқ кардан хеле мушкил аст.
Дар марҳилаҳои таърихӣ террор асосан аз тарафи гурӯҳҳои чапгаро бештар ба мушоҳида мерасид, дар ҳоле ки терроризми рост ҳам ба мисли фаъолияти созмони «куклукс-клан»вуҷуд дошт. Аз солҳои 20- уми асри 20 терроризми давлатӣ ё террор аз «боло» (дар давраи ҳукмронии И. Сталин , А.Гитлер ва ғайра) авҷ гирифт.
Имконоти низоъбарангезии терроризм махсусан аз солҳои 60-уми асри ХХ, вақте ки минтақаҳои васеъ дар ҷаҳон ба минтақаҳои гарми фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои аз нигоҳи тамоюлоти идеалогиашон гуногун табдил гардиданд, афзоиш ёфт. Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони дорои рӯҳияи террористӣ фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмии том истифода менамоянд.
Аз рӯи тадқиқоти олимони хориҷӣ, буҷаи умумӣ дар соҳаи террор ҳамасола аз 5 то 20 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз рӯи баъзе маълумот, имрӯз дар ҷаҳон қариб 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунанд. Аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористӣ анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа, 3668 нафар кушта ва 7474 нафар захмӣ шудаанд. Маркази фаъолиятҳои террористӣ дар ҷараёни чандин сол аз Амрикои Лотинӣ ба ҷониби Япония, ҶФО, Туркия, Испания ва Италия кӯчид. Ҳамзамон амалҳои террористӣ аз тарафи чунин созмонҳои террористӣ, ба мисли «Артиши Ҷумҳуриявии Ирландия» дар Британияи Кабир ва Ирландия, созмони «Ватан ва озодӣ» (Эта) дар Испания анҷом дода мешуд.
Баъд аз амалиёти террористии 11 сентябри соли 2011 ва амалиёти дигар, ки бо номи Усома бини Лодан пайваст аст, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Аслан зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки бештар таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Он натиҷаи шуурест, ки комилан аз ислом дур аст ва нишонаи мавҷуд набудани шуури воқеии исломӣ мебошад. Аз ин хотир, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки терроризм “кӯдаки ғалатӣ”-ест, ки ба сари мусалмонон бор кардаанд. Таълимоти исломӣ иҷозат намедиҳад, ки инсон террорист бошад. Мувофиқи шариати ислом, ҳаёт ва озодии инсон муқаддас мебошад. Аз ҳаёт маҳрум кардани инсон гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Ислом ҳар як шахсро чӣ гунае, ки ҳаст, ҳамон тавр эътироф менамояд.
Қариб ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, аз амалҳои террористии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо хабару гузориш нашру пахш мегарданд. Сокинони сайёра ваҳшонияти ҷангиёнро, ки худро ҳомии ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, қотеъона маҳкум менамоянд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар сафи террористон шаҳрвандони собиқ шӯравӣ, аз ҷумла, ҷавонони гумроҳи тоҷик низ меҷанганд. То ҷое маълум аст, аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан дар Россия гӯё барои пулкоркунӣ ба Сурия рафтаанд. Вале яқин аст, ки онҳо фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо ки “кӯҳи тиллоӣ” ваъда медиҳанд, шудаанд. Бехабар аз он ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки марг интизор аст.
Дар ин иртибот, як масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст. Солҳои охир дар кишвари орому осоиштаамон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои хурду калони зиёд мавриди истифода қарор гирифтанд, то ҷавонон ҳар чӣ камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро бо меҳнати ҳалол беҳбуд бахшанд. Яъне, Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирро андешида истодааст, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал карда, сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардорад. Як мисол, танҳо соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 125 иншооти нав ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар дар онҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд. Соли 2018 ин рақам боз ҳам афзоиш ёфт.
Дигар ҷиҳати нигаронсози масъала он аст, ки иддае аз ҷавонони гумроҳ, бинобар дониши қазоӣ надоштан гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ мегарданд ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандон озодии дину виҷдонро кафолат додааст. Пас айб дар чист? Дар он аст, ки қисме аз ҷавонон аз моҳияти дини мубини ислом бехабаранд. “Қуръон” – ро, ки бо иқдоми Сарвари давлат борҳо ба забони давлатӣ нашр шудааст, намехонанд, аз фармудаҳои Каломи Худо, ҳадисҳои Паёмбар (с) огоҳ нестанд. Вагарна мефаҳмиданд, ки ҷиҳод- ин на даъват ба ҷангу одамкушӣ, балки ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, хизмати падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан аст. Дар масҷидҳо ходимони дин бояд ин фаризаҳоро ба ҷавонон талқин кунанд.
Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин эътимод ба имрӯзу фардои неки насли ҷавон аст. Ин неруи бузурги созанда бояд сипари боэътимоди давлати шукуфои мо аз ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бошад.
Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон — боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё ин гуфтаро тақвият мебахшанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ тораф васеъ шуда истодааст, фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвар – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардондааст.
Бинобар ин, зарур аст, ки бо восита ва усулҳои таъсирбахш дар самти мубориза бар зидди терроризм дар доираи минтақа ва ҷаҳон кор бурда шавад. Барои ин олимон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, пеш аз ҳама, бояд реша ва омилҳоеро, ки терроризмро ба вуҷуд меоранд, муайян намоянд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи дониш, рӯҳияи инсондӯстӣ, тарбияи маънавии одамон, беҳбудбахшии дараҷаи зиндагии шаҳрвандон ва бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ташкили маъракаи оммавӣ бар зидди терроризм низ таъсирбахш хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки “… бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад”.
Бо дарки ин масъала тамоми қувваҳои солимфикри ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла ҷомеаи моро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳид шаванд.