Имрӯз, 20 март дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумита ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд.
Барномаи ҷашнӣ як хатсайри сайёҳиро мемонд, ки дар он намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва намоишҳои театрӣ ва созу наво, ки гуногунии минтақавии Тоҷикистон инъикоси худро меёфт, ба намоиш гузошта шуда буд.
Дастурхони анъанавии наврӯзӣ диққати ҳозиринро ба худ бештар мекашид. Дар ин дастурхон ҳама анвоъи хӯрданиву нӯшиданӣ чун нишони сериву пуррии Тоҷикистони азиз ба чашм мерасид.
Фарзандони кормандони КҲФ дар васфи Наврӯзу баҳор шеърҳо қироат карданд.
Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода суханронӣ кард ва ба ҷанбаҳои башардӯстии ҷашни Наврӯз ишора намуд. Вай гуфт, ки Наврӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба ҷашни байналмилалалӣ табдил шуд ва ЮНЕСКО онро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башар дохил намуд.
21-уми март Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз эълон шудааст.
Дар бахши фарҳангӣ як барномаи басо ҷолиби консертии иборат аз созу навои дилнишин, рақсу таронаҳои ҷолибу дидани пешкаш шуд, ки мақбули ҳамагон гашт.