Аёдати собиқадорон дар остонаи иди Фитр

Ба шарафи Фитр кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо иттиҳоди Собиқадорони Кумита зумрае аз собиқадоронро аёдат карданд ва ба онҳо кумакҳои моддӣ расонданд.

 Афсарон ба собиқадорон барои талошҳои фаровонашон ҷиҳати кумак ба офатзадагон, мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳиссаи зиёдашон дар таҳкими бунёдии мудофиаи гражданӣ изҳори сипос намуданд.  Ба онҳо саломатӣ, умри дарозу хушиҳои рӯзгорро таманно карданд.

Собиқадарон дар навбати худ аз таваҷҷуҳи билохосаи роҳбарияти Кумита, ки насли калонсолро фаромӯш намекунанд ва дар ҳар иду айём аз онҳо ёд мекунанд, онҳоро ба ҷамъомаду тантанаҳои худ даъват мекунад, сипосгузорӣ карданд. 

барчасп: