Сӯхтор дар як бинои бландошёнаи шаҳри Кӯлоб: Имдодгарон сокинони дар гирдоби оташмондаро ба ҷойи амн бурданд

Ҳеҷ кас аз хатари офатҳои табиӣ ё техногенӣ эмин нест. Аммо наҷотдиҳанда будан ба он маъност, ки ҳамарӯз омода бошӣ, то ҷони инсонҳо аз хатарҳои эҳтимолӣ бираҳонӣ. Ва ин худ қаҳрамонӣ аст, агар як нафар бо кумаки ту аз марг наҷот ёбад.

Ҳар як наҷотдиҳанда дарк мекунад, ки пушти сари ӯ ҷони инсон, моликияти давлатӣ ва шахсӣ аст. Аз ин рӯ, бо камоли ҷасорату матонат барои ҳифзи он талош мекунад.

Чунончи, шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ду маротиба барои кумак аз қароргоҳи худ берун шуданд. Занги аввал аз сокинони бинои бисёрошёна, ки дар қаламрави маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб ҷойгир мебошад, расид. Хона оташ гирифта буд.

Ҳайати наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Маълум гардид, ки ин бино аз ошёнаи сеюм оташ гирифтааст. Онҳо фаврӣ сокинони 20 манзилро ба ҷойи амн интиқол доданд ва ҳамроҳ бо хадамоти сӯхторхомӯшкунии шаҳр алангаи оташро хомӯш карданд.

Занги дуюм аз сокини кӯчаи Борбад расид. Хонуме бо изтиробу ҳаяҷон мегуфт, ки дари манзилаш баста шудаву наметавонад вории он шавад. Дар дохили хона фарзандони ноболиғаш танҳо мондаанд.

Имдодгарон аз тиреза вориди хона шуда, дарро боз карданд.

Бачаҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд. 

барчасп: