КҲФ: Хатари ҳавои пурчангу ғубор ва омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июли соли равон ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

Охири ҳафтаи гузашта бо сарварии Раиси Ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар кори он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаа ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ҷамшед Камолзода ширкат намуд.

Ҷасади як писарбачаи 12-солае, ки дар Канали Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо шуд

14 июли соли  2023 як сокини 12-солаи шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар Канали калони Ҳисор, ки аз канори шаҳр убур мекнуад, ғарқ шуд. Аз лаҳзаи аввали расидани ин хабар ба ҷустуҷӯи ҷасад аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон идома дошт.

16 июли соли 2023 баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ...

Ҳушдори КҲФ аз болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 15-17-уми июли соли равон дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар

Идомаи роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ ба роҳандозии рейдҳо дар соҳилҳои об ва корҳои баблиғотӣ идома медиҳад.

Ҳафтаи ҷорӣ кормандони КҲФ якҷо бо намояндагони ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумтаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Страницы